Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Таркиш дар тарабхонаҳои пойтахти Булғористон


Дар ду тарабхонаи шаҳри София: пойтахти Булғористон таркишҳо ба қайд гирифта шуданд. Вазорати корҳои дохилии Булғористон мегӯяд, бар асари таркишҳо 5 нафар маҷрӯҳ шудааст. Табибон вазъи 3 нафари онҳоро ҷиддӣ номидаанд.
Сабаби таркиш дар тарабхонаҳо маълум нашудааст. Ҷаҳони ҷиноии Булғористон таркишро ҳамчун василаи ҳисобу китоб баробаркунии рақибон арзёбӣ менамояд.
Булғористон феълан узви Иттиҳодияи Аврупо мебошад ва аъзои ин созмон Булғористонро бо муборизаи заиф бар зидди ҷинояткории муназзам ва фасод муттаҳам мекунанд.
XS
SM
MD
LG