Дар шаҳри Самарқанд ҷашнвораи 1150-солагии Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ баргузор гашт. Ба маълумоти нависандаи тоҷик Адаш Истад, тантанаҳо аз як гирдиҳамоии чандҳазорнафарӣ дар пояи пайкараи Рӯдакӣ дар хиёбони Рӯдакӣ оғоз ёфта, дар шакли конфаронси илмӣ дар Донишгоҳи давлатии Самарқанд ва намоиши бадеӣ дар бузургтарин театри Самарқанд бо ширкати қариб 2 ҳазор нафар идома пайдо кард. Дар ин маҳфилҳо намояндагони сафоратҳои Тоҷикистону Эрон низ ширкат доштанд.