Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Аксуламали ИМА ба тасмими эҳёи корхонаи Ёнгбуён


Фиристодаи ИМА Кристофер Ҳилл озими Чин шуд, то дар музокироти барномаи ҳаставии Кореяи Шимолӣ ширкат варзад. Мақомоти Пхенян тасмим гирифтаанд, маҳви корхонаи ҳаставии Ёнгбуёнро мутаваққиф намоянд. Ходими дафтари матбуотии Департаменти давлатии ИМА Роберт Вуд ба хабарнигорон гуфт, Ҳилл ба Пекин рафт, то ҳамроҳ бо намояндагони ЧИН, Япони ва ё Ҷопон ва Кореяи Ҷанубӣ таҳаввулоти ахири Кореяи Шимолиро баҳс намояд. Ин ҷаласа имрӯз доир мешавад.
Кореяи Шимолӣ мегӯяд, Вашингтон ин кишварро аз рӯйхати мамолики пуштибони терроризм хориҷ накард. Аз ин рӯ, тахриби муҷтамаи Ёнгбуён мутаваққиф шуда, имкони эҳёи корхонаи ҳаставии ин муҷтамаъ мавриди арзёбӣ қарор мегирад.
XS
SM
MD
LG