Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар Афғонистон ҷангҷӯёнро ором намегузоранд


Як фармондеҳи амрикоӣ мегӯяд, нерӯҳои амрикоии мустақар дар Афғонистон тасмим гирифтаанд, ки дар фасли зимистон ҳамлаҳо болои паноҳгоҳҳои ҷангҷӯёнро афзоиш диҳанд, зеро онҳо аз Афғонистон берун нашуда, дар дохили ин кишвар мунтазири фасли баҳор мешаванд.
Генерал Ҷефрӣ Шлёссер ба хабаргузории Ассошиэйтед пресс гуфтааст, ки дар Афғонистон моҳҳои апрел ва май ҳамлаҳои ҷангҷӯён 40% афзоиш ёфтанд.
Ӯ илова кардааст, ки нерӯҳои амрикоӣ ба ваҷҳи умум дар шарқи Афғонистон амалиёт пеш мебаранд ва дар муқоиса бо як соли пеш моҳҳои июну июл ҳамлаҳои ҷангҷӯён тахминан 20-30% зиёдтар шуда буданд.
Генерали амрикоӣ изҳор намуд, ки феълан дар манотиқи шарқии Афғонистон аз 7 то 11 ҳазор ошӯбгар фаъол ҳастанд.

XS
SM
MD
LG