Дар паи бархӯрди тарафдорон ва мухолифини ҳукумат дар пойтахти Тайланд шаҳри Бангкок вазъи фавқулода эълон шуд. Дар ин бархӯрдҳо ҳадди ақалл як нафар кушта ва чанд тани дигар маҷрӯҳ шудаанд. Матни қарори вазъи фавқулодаро аз номи сарвазири Самак Сундаравеҷ гӯяндаҳои телевизион қироат карданд. Бар пояи ҳукми сарвазир артиш масъули таъмини назму субот эълон шуда, дар шаҳри Бангкок баргузории ҳар гуна ҷамъомад манъ гаштааст.
Мухолифини ҳукумат талаб мекунанд, ки сарвазир ба истеъфо равад, зеро ба гуфти онҳо ӯ дар фасод даст дорад. Мухолифин 26-уми август бинои ҳукуматро ишғол намуданд.
Мухолифини ҳукумат талаб мекунанд, ки сарвазир ба истеъфо равад, зеро ба гуфти онҳо ӯ дар фасод даст дорад. Мухолифин 26-уми август бинои ҳукуматро ишғол намуданд.