Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Бо наздикшавӣ ба ИМА тӯфони Густав заиф шуд


Бо наздикшавӣ ба соҳилҳои ИМА тӯфони Густав заиф шуда, то ба тундбоди дараҷаи якум поин бурда шуд. Дар айни замон Маркази миллии пажӯҳиши тӯфонҳои ИМА изҳор намудааст, ки Густав ҳамоно "таҳдиди фавқулода ҷиддӣ" боқӣ мемонад. Феълан суръати бод дар ҷанубу ғарби Ню Орлеанз ба 110 километр дар як соат баробар аст.
Дар арафаи вуруди тӯфон ба соҳилҳои ҷанубии ИМА тахминан ду миллион сокини Ню Орлеанз ва атрофи он ба ҷойҳои амн интиқол дода шуданд ва муассисаҳои истихроҷу коркарди нафт дар Халиҷи Мексико корашонро мутаваққиф намуданд.
Президенти ИМА Ҷорҷ Буш гуфт, ки дар муқоиса бо се соли пеш имсол фаъолиятҳои ҳукумати марказӣ ва ҳукуматҳои маҳаллии аёлатҳо беҳтар ҳамоҳанг шудааст. Соли 2005-ум тӯфони Катрина ба манотиқи соҳилии ИМА хасороти зиёд расонда буд. Он замон ҳукумати ИМА бо аксуламали заиф ба бӯҳрон танқид шуда буд.
Дирӯз дар маркази амалиёти фавқулодаи аёлати Тексас президенти ИМА Ҷорҷ Буш гуфт:
"Ин кӯчбандии бузург аст. Барои шаҳрвандон бисёр душвор аст, ки бору пути худро гирифта, аз хонаҳояшон берун раванд. Берун аз хона фардро номуайянӣ фаро мегирад. Ман мехоҳам ба он ҳамватаноне, ки ба ҳарфи мақомот гӯш дода, хонаҳояшонро тарк кардаанд, ибрози сипос намоям. Ҳамчунон ба сокинони аёлати Тексас ва аёлатҳои дигар, ки мардуми кӯчбастаро бо оғӯши боз истиқбол намудаанд, арзи сипос мекунам. Тексас аёлати саховатманд аст."

Ба хотири назорати амалиёти мақомот дар замони тӯфон президенти ИМА ширкаташ дар анҷумани ҳизби ҷумҳурихоҳро лағв намуд.

XS
SM
MD
LG