Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Озмоиши навтарин мушаки дурпарвози Русия


Русия имрӯз мушаки нави байниқоравии худро озмоиш кард. Хабаргузориҳо ба нақл аз сухангӯи нерӯҳои стратегии ҳастаӣ мегӯянд, озмуни мушаки "Топол РС-12М" бо муваффақият гузашта, бо 6 000 километр дарозии парвоз ин мушак аз сипари зиддимушакӣ ҳарос нахоҳад дошт. Русия онро посух ба талошҳои Амрико ба буднёди сипари зиддимушакӣ дар Аврупо ва чораи эҳтиётӣ ба муносибати таҷаммӯъи киштиҳои ҷангии НАТО дар Баҳри Сиёҳ номидааст.
XS
SM
MD
LG