Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Саркозӣ тарафдори беруншавии Русия аз Гурҷистон


Президенти Фаронса Николас Саркозӣ мегӯяд, ҳеҷ кас ҷонибдори боз як ҷанги сард нест. Ӯ аз Русия даъват кардааст, ки нерӯҳояшро ба мавқеъҳои қабл аз 7-уми август ишғол намудаашон баргардонад.
Саркозӣ иброз доштааст, ки имрӯз тариқи телефон бо раҳбари Русия Дмитрий Медведев бӯҳрони Гурҷистонро баррасӣ мекунад. Ӯ такрор кардааст, ки Иттиҳодияи Аврупо эътирофи истиқлоли Осетияи Ҷанубиву Абхозистон аз сӯи Русияро маҳкум мекунад.
XS
SM
MD
LG