Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар Афғонистон ҷасади ходими идораи хайрия ёфт шуд


Мансабдорон дар шарқи Афғонистон мегӯянд, ки ҷасади ходими муассисаи хайрияро, ки рӯзи сешанбе аз тарафи силоҳбадастон рабуда шуда буд, пайдо кардаанд. Хабарнигори Радиои Озодӣ дар вилояти Нангарҳори Афғонистон мегӯяд, ҷасади ходими муассисаи хайрия Казия Ито, ки аслан шаҳрванди Япония ва ё Ҷопон будааст, ба шаҳри Кобул фиристода шуд. Мақомоти афғон зикр намудаанд, ки дар ҷасади Ито нишонаҳои тири силоҳи оташфишон намудор будаанд.
XS
SM
MD
LG