Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Навоз Шариф аз эътилофи ҳокими Покистон хориҷ шуд


Имруз ҳизби Навоз Шариф-нахуствазири собиқи Покистон тасмим гирифт, ки эътилофи сиёсии ҳоким дар ин кишварро тарк кунад. Оқои Шариф мегуяд, бино ба ихтилофи назар роҷеъ ба барқарор кардани қозиёни додгоҳ ба мақомҳои қаблиашон ҳизб ба чунин тасмим даст задааст. Қозиёнро Парвиз Мушарраф-раиси ҷумҳури пешин аз мақом барканор карда буд. Оқои Шариф ҳамзамон Саид-уз-Замон Сиддиқиро аз ҳизби худ, яъне аз "Ҳизби Муслим Лиги Покистон" номзад ба мақоми раёсати ҷумҳурӣ муъаррефӣ кард.
XS
SM
MD
LG