Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Покистон: Зардорӣ мегуяд, Толибон "дастболо"-анд


Осиф Алӣ Зардорӣ, ки аз суи ҳизбаш номзад ба мақоми раёсати ҷумҳурӣ интихоб шудааст, мегуяд, ки Покистон ва ҷаҳон дар ҳоли бохтани ҷанг бар зидди террористҳо ва Толибонанд. Дар мусоҳибае бо Би Би Си шавҳари марҳум Беназир Бҳутто гуфтааст, ба бовари вай, ҳоло нируҳои Толибон дар ҷанг "дастболо" ҳастанд. Зардорӣ гуфтааст, ин масъала на танҳо дар Покистону Афғонистон асари бад хоҳад дошт, балки душвориест, ки таъсири он дар оянда метавонад дар саросари ҷаҳон эҳсос шавад.
XS
SM
MD
LG