Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Сарони ИА хостори баррасии вазъ дар Гурҷистон


Дар нишасти навбатии сарони кишварҳои узви Иттиҳодияи Аврупо, ки қарор аст рӯзи якуми сентябр доир шавад, масоили марбут ба вазъ дар Гурҷистон ва равобити миёни Иттиҳодияи Аврупо ва Русия баррасӣ хоҳад шуд. Дар ин бора дафтари раисиҷумҳури Фаронса Николя Саркозӣ хабар дод. Фаронса айни ҳол раёсати даврии Итиҳодияи Аврупоро бар дӯш дорад. Ба иттилоъи Кохи Елисей, дар бораи баргузории нишаст баъди он тасмим гирифта шуд, ки бисёр кишварҳои узви Иттиҳодия хостори баррасии низоъ миёни Русия ва Гурҷистон шудаанд.

XS
SM
MD
LG