Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Фаронса хостори хуруҷи нерӯҳои Русия аз бандари Потӣ шуд


Фаронса ва Амрико дигарбора аз Русия хостанд, ки бо хуруҷи нерӯҳояш аз бандари Потӣ дар каронаи Дарёи Сиёҳ ба оташбаси тавофуқшуда бо Гурҷистон пойбанд монад. Николя Саркозӣ, раиси ҷумҳурии Фаронса, дар як гуфтугӯйи телефонӣ бо ҳамтои руси худ Дмитрий Медведев хостори аз миён бурдани посгоҳҳои бозрасии Русия дар манотиқи Потӣ ва Сенокӣ, воқеъ дар ғарби Гурҷистон, шуд. Ҳамчунин, сухангӯйи Кохи Сафед Гордон Ҷондро низ гуфт, истиқрори постгоҳҳои бозрасии Русия дар хоки Гурҷистон бо оташбаси имзошудаи миёни ин ду кишвар муғойират дорад. Пештар Русия эълом кард, ки қасд дорад назорати бандари Потиро ҳифз кунад, ҳарчанд ин бандар берун аз ҳавзаи маъмурияти посдорони сулҳи он кишвар дар Осетиёи Ҷанубӣ аст. Рӯзи шанбе садҳо тан аз сокинони бандари Потӣ дар мухолифат бо ҳузури низомиёни Русия тазоҳурот карданд.
XS
SM
MD
LG