Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Покистон: 8 куштаи як бамгузорӣ


Дар як бамгузории интиҳорӣ дар шимолу ғарби Покистон ҳашт пулис кушта шудаанд. Шахси бабмгузор мошинаи бамгузоришудаи худро дар посгоҳи пулис дар минтақаи Дараи Свот тарконидааст. Гурӯҳи Толибон масъулияти ин ҳамларо ба ӯҳда гирифтаанд ва яке аз сухангӯёнаш ваъда додааст, ки агар амалиёти низомии нерӯҳои давлатӣ дар минтақа мутаваққиф нашавад, чунин ҳамалот идома хоҳад ёфт.
XS
SM
MD
LG