Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Куштори ғайринизомиён таҳқиқ мешавад


Нерӯҳои эътилоф таҳти раҳбарии Амрико дар Афғонистон эълом кард, ки роҷеъ ба кушта шудани ғайринизомиён дар ҷараёни як ҳамлаи ҳавоӣ ба минтақае дар ғарби ин кишвар, таҳқиқро оғоз хоҳад кард. Қаблан, вазорати умури дохилии Афғонистон гуфта буд, ки дар ҳамлаи ҳавоии Нерӯҳои эътилоф ба минтақаи Шиндонд дар вилояти Ҳирот тақрибан 80 ғайринизомӣ кушта шудаанд ва бештари қурбониён занону кӯдакон ҳастанд. Нерӯҳои эътилоф анҷоми амалиёт дар минтақаи Ҳирот дар рӯзи панҷшанберо таъйид кард, вале мегӯяд, дар ин ҳамла маҳалли таҷаммӯъи Толибон ҳадаф қарор гирифта ва 30 шибҳанизомиёни Толибон кушта шуданд.
XS
SM
MD
LG