Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳамлаи мушакӣ ба пойгоҳи ҷангиён дар Вано


Мақомоти Покистон мегӯянд, имрӯз дар асари ҳамлаи мушакӣ як паноҳгоҳи эҳтимолии ҷангиён дар наздикии марз бо Афғонистон тахриб ва дасти кам 8 нафар кушта шуданд.

Як мақоми иктишофии Покистон бидуни бурдани ном гуфтааст, мушакҳо аз он сӯи марзи Афғонистон парт шуда, ба як пойгоҳи ҷангиён дар наздикии Вано, маркази минтақаи қабиланишини Вазиристони ҷанубӣ асобат кардааст.

Сухангӯи артиши Покистон генерал Атҳар Аббос рух додани таркиш дар ин минтақаро таъйид карда, вале аз ифшои ҷузъиёти бештар худдорӣ варзидааст.

XS
SM
MD
LG