Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳалокати 11 нафар дар таркишҳои Алҷазоир


Хабаргузории давлатии Алҷазоир мегӯяд, дар асари ду таркиши бамб дар шарқи ин кишвар дасти кам 11 нафар кушта ва беш аз 30 тани дигар маҷрӯҳ шудаанд. Ин ҳамлаҳо дар рӯбарӯи як меҳмонсаро ва хобгоҳи низомӣ дар Бовира, шаҳре воқеъ дар 120-километрии ҷанубу шарқи пойтахти Алҷазоир рух додаанд.

Ин дар ҳолест, ки як рӯз қабл ҳамлаи интиҳорӣ дар мактаби пулис дар Иссер, 60-километрии пойтахти кишвар мунҷар ба ҳалокати 43 нафар ва ҷароҳат бардоштани 45 тани дигар шуда буд. Масъулияти ҳамалоти дирӯза ва имрӯза дар Алҷазоирро то кунун ҳеҷ гурӯҳе бар ӯҳда нагирифтаанд.

XS
SM
MD
LG