Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳамла ба хабарнигори Радиои Озодӣ дар Ереван


Раиси дафтари Радиои Аврупои Озод-Радиои Озодӣ дар Ереван Грах Мелкумян шоми дирӯз мавриди ҳамла қарор гирифт. Замоне, ки хабарнигор баъди кор сӯи манзил мерафт, марди ношиносе талаб кард, ки бозистад ва бо лаҳни пур аз таҳқир дар баробари радио ӯро латукӯб кард. Бар асари ин лату кӯб Грах Мелкумян ҷароҳати зиёд бардошт. Раиси Радиои Аврупои Озод-Радиои Озодӣ Ҷефрӣ Гедмин ин ҳодисаро чун "ҳамлаи тарҳрезишуда алайҳи кормандони радио" арзёбӣ кард ва аз мақомоти Арманистон хостори тафтиши қазия шуд.
XS
SM
MD
LG