Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Собиқ раҳбари ошӯбгарони Непал сарвазир шуд


Собиқ раҳбари ошӯбгарони Непал Прачандра савганди сарвазири Непалро ёд кард. Прачандра, ки пайрави ақидаи Мао мебошад, беш аз бист сол инҷониб бар зидди сулолаи ҳокими Непал мубориза бурдааст. Ду сол пеш ӯ аз ҷангал берун шуда, бо намояндагони сулолаи дар тӯли асрҳо ҳоким сари мизи музокирот нишаст. Моҳи апрел ошӯбгарон дар интихоботи Маҷмаи конститутсионӣ пирӯ шуда, режими салтанатиро бекор намуданд.
XS
SM
MD
LG