Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Президенти Покистон ба истеъфо меравад


Имрӯз дар як паёми телевизионӣ президенти Покистон Парвиз Мушарраф иброз дошт, ки ӯ ба истеъфо меравад. Пеш аз он ҳукумати Покистон гуфта буд, ки рӯйхати хилофкориҳои президент Мушарраф ва аз ҷумла поймол намудани қонуни асосӣ ва бадрафториҳои ӯро тартиб медиҳад.
Президенти Покистон мегӯяд, иттиҳоми ӯ появу асосӣ воқеӣ надорад, вале ба хотири ҷилавгирӣ аз маъракаи барканорсозии президент ё худ импичмент, ки ба манфиати миллат зарба мезанад, ӯ ба истеъфо хоҳад рафт.
XS
SM
MD
LG