Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Идомаи ҳамлаҳо ба зойирин дар роҳ сӯи Карбало


Бар асари инфиҷор дар як маҳаллаи суннинишини шаҳри Бағдод 15 нафар ба ҳалокат расида, тақрибан 30 каси дигар маҷрӯҳ шуданд. Ба иттилоъи мақомоти маҳаллӣ, маводи таркандаро як маргталаб, ки пироҳани занона ба бар карда буд, дар канори постгоҳи полис мунфаҷир кардааст.

Ҳамзамон дар Ироқ ҳамлаҳо ба зойирин, ки сӯи шаҳри Карбало, шаҳри барои шиаҳо муқаддас, ба хотири таҷлил аз мавлуди Имом Маҳдӣ мераванд, идома доранд. Шурӯъ аз рӯзи панҷшанбе бар асари ин ҳамлаҳои даҳшатафканӣ 36 тан аз зойирин ба ҳалокат расидаанд. Ва ин дар ҳолест, ки мақомоти Ироқ барои таъмини амнияти зойирин дар Карбало ва атрофи он беш аз 40 ҳазор кормандони полис ва низомиёнро сафарбар кардаанд.

XS
SM
MD
LG