Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар Афғонистон беш аз 60 ҷангӣ кушта шуданд


Нирӯҳои Амрико ва вазорати умури дохилии Афғонистон мегӯянд, дар задухӯрдҳои чанд рӯзи охир беш аз 60 ҷангии Толибон кушта шуданд. Амрико мегӯяд, задухӯрдҳо рӯзи чоршанбе дар пайи ҳамлаи ҷангиён ба як ҳайъати муштараки дидбонии нирӯҳои афғониву эътилофӣ оғоз ёфта, дасти кам 36 чирикиро кушта барҷой гузошт. 23 ҷангии дигар рӯзи ҷумъа дар пайи ҳамлаи чирикиҳо ба як посгоҳи пулис дар улусволии Надалии вилояти Ҳилманд кушта шудаанд.

Танҳо дар соли равон дар асари хушунатҳо дар Афғонистон беш аз 2600 афғон ҷони худро аз даст додаанд. Бовар меравад, ки бахши аъзами кушташудаҳо ҷангиён бошанд.

XS
SM
MD
LG