Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тазоҳуроти ҳазорон тан дар Кашмир


Шаби гузашта ҳазорон тан аз мусулмонони аёлати Кашмири таҳти контроли Ҳинд ба тазоҳурот баромада ва хостори истиқол аз ин кишвар шудаанд. Ин тазоҳурот ба думболи шаш ҳафта нооромиҳо дар аёлати асосан мусулмонишини Ҳинд сурат мегирад, ки ба сабаби ҷудо кардани замин барои як ибодатгоҳи ҳиндуён сар заданд. Рӯзи чаҳоршанбе ҳукумати Покистон аз Созмони Милал хост, ба гуфтаи он кишвар ба нақзи фоҳиши ҳуқуқи инсон дар Кашмир хотима диҳад, давъате, ки ҳукумати Ҳинд онро ғайриқонунӣ хонд ва маҳкум кард. Кашмир соли 1948 миёни Ҳинду Покистон тақсим шуд ва аз соли 1989 инҷониб дар Кашмири таҳти контроли Ҳинд ба асари хушунатҳо ҳазорон нафар шудаанд.
XS
SM
MD
LG