Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Райс мегӯяд, обрӯи Русия зери суол рафтааст


Вазири умури хориҷии Иёлоти Муттаҳида, Кондолиза Райс, гуфт, узвияти Русия дар ниҳодҳои байнулмилалӣ бо сабаби амалиёти ҳарбии он дар Гурҷистон зери хатар афтодааст. Дар мусоҳиба бо телевизиони АБС нюз, Райс гуфт, "Обрӯи байнулмилалии Русия ва нақшии эҳтимолии он дар ҷомеъаи ҷаҳонӣ бо хатари бузург рӯбарӯст." Райс пайомадҳои эҳтимолиро номбар накард. Тибқи хабарҳо, Иёлоти Муттаҳида размоишҳои тарҳрезишудаи муштараки дарёӣ бо нерӯҳои Русияро лағв кард.
XS
SM
MD
LG