Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Қатли раҳбари як гурӯҳи исломӣ дар Покистон


Мусаллаҳони номаълум раҳбари як гурӯҳи ғайриқонунӣ ва ситезаҷӯи Покистонро ба қатл расондаанд. Ҳамлаварон ба дафтари гурӯҳи Амрибилмаъруф ва Найҳи алал Мункар дар минтақаи Барқамбархейли минтақаи қабоилнишини Хайбар ворид шуда, раҳбари он Ҳоҷӣ Номдорро ба зарби гулӯла куштаанд. Ҳукумати Покистон ин гурӯҳро дар нооромиҳои ахир дар Хайбар масъул дониста, фаъолияти онро манъ кардааст.
XS
SM
MD
LG