Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Буш гуфт, аз аъмоли Русия шадидан нигарон аст


Президенти Иёлоти Муттаҳида, Ҷорҷ Даблю Буш мегӯяд, Вазири умури хориҷии Амрико, Кондолиза Райсро ба Фаронса ва Гурҷистон мефиристад, то паёми пуштибонии бечунучарои Амрикоро аз ҳукумати ба таври демократӣ интихобшудаи Гурҷистон бирасонад. Буш ҳамчунин гуфт, аз хабарҳои идома доштани амалкардҳои ҳарбии Русия дар Гурҷистон нигарон аст ва амалкардҳои Русия пурсишҳои ҷиддиеро дар бораи нийятҳои он дар Гурҷистон ва минтақа ба амал меоранд.
XS
SM
MD
LG