Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Муаррифии нақшаи сулҳи Гурҷистон дар Маскав


Раиси ҷумҳуриҳои Русия ва Фаронса - Дмитрий Медведев ва Николя Саркозӣ нақшаи хатми мухолифатҳо дар Гурҷистонро муаррифӣ карданд. Нақшаи иборат аз шаш бахш, ки дар паи дидору гуфтугӯи ду раҳбар дар Маскав пешниҳод шуд, аз ҳарду ҷониб - Русия ва Гурҷистон даъват мекунад, ки нирӯҳои худро ба мавқеъҳои қабл аз шурӯи низои мусаллаҳона дар ҷумҳурии Осетияи Ҷанубӣ баргардонанд. Ин санад ҳамчунин ба баргузории музокироти байналмилалӣ барои таъини мавқеи ояндаи Осетияи Ҷанубӣ ва Абхозистон, дигар минтақаи ҷудоихоҳ даъват дорад. Медведев гуфт, ки посдорони сулҳ дар ҳар ду минтақа боқӣ хоҳанд монд. Чанд соат қабл аз ин, Медведев амалиёти низомии Русияро дар Гурҷистон дар пайи ҷангҳое, ки панҷ рӯз идома кард, қатъ кард ва гуфт, ки он ба ҳадафҳояш расидааст. Изҳороти раҳбари Русия аз ҷониби дипломати баландпояи амрикоӣ Метю Бриза, ки чун узви гурӯҳи музокироти байналмилалӣ дар минтақа қарор дорад, ба ҳайси як иқдоми "фавқулодда мусбат" мавриди истиқбол қарор гирифт. Аз Маскав қарор аст Николя Саркозӣ, раиси ҷумҳурии Фаронса ба Тифлис барои дидору мулоқот бо раҳбари Гурҷистон сафар кунад. Михаил Саакашвилӣ соате пеш гуфт, ки ҳукумати вай ҷумҳуриҳои ҷудоихоҳро манотиқи ишғолшуда эълон хоҳад кард.

XS
SM
MD
LG