Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Русияву Гурҷистон ҳамдигарро гунаҳгор мекунанд


Дар ҷараёни нишасти изтирории Шӯрои амнияти СММ, ки барои баррасии вазъи Осетияи Ҷанубӣ ташкил шуд, Русияву Гурҷистон ҳамдигарро дар сар задани даргириҳо муттаҳам карданд. Сафири Гурҷистон дар СММ Иракли Аласаниа гуфт, ки ҳамлаҳои ҳавоиву заминии нирӯҳои Русия "аз пеш тарҳрезишуда" мебошад. Вай гуфт:

"Русия ба таври ошкоро ҷомеаи байналмилалиро ба чолиш кашонда низом ва суботи байналмилалии қабулшударо дар густураи Қафқоз ба хатар меандозад. Ин таҷовузи низомии Русия ба хотири пахш кардани ормонҳои Авроатлантикии Гурҷистон, барои ба ақибнишинӣ водор кардани Гурҷистон ва минтақа дар баробари нуфузи сиёсии Русия анҷом мегирад".

Сафири Русия дар СММ Виталий Чуркин Гурҷистонро барои мавриди ҳадаф қарор додани нирӯҳои посдори сулҳаш дар Осетияи Ҷанубӣ интиқод карда иддао кард, ки артиши Гурҷистон як амалиёти "поккории қавмӣ"-ро ба роҳ мондааст. Вай гуфт:

"Тифлис аз тактикаи ба истилоҳ заминҳои сӯхта кор мегирад. Як қатор маҳалҳои зисти Осетияи Ҷанубӣ комилан нобуд шудааст. Тибқи баъзе маълумот, снайперҳои гурҷӣ мошинҳои ёрии таъҷилӣ ва хадамоти тиббиро иҷоза намедиҳанд, ки барои наҷоти одамон бираванд".

Бритониё ва ИМА дар ҷараёни нишасти Шӯрои амнияти СММ тақозо карданд, ки ҷонибҳо билофосила оташбас кунанд. Шаби ҷумъа аъзои Шӯрои амният натавонистанд барои қабули изҳороти мушатараке ба мувофиқа расанд. Рӯзи шанбе нишасти онҳо дар Ню-Йорк дубора аз сар гирифта мешавад.
XS
SM
MD
LG