Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Назари генералҳо ба барканории эҳтимолии Мушарраф


Сарварони ҳарбии Покистон имрӯз дар ҷаласае дар Равалпиндӣ, наздикии Исломобод, бӯҳрони сиёсии марбут ба импичмент ё адами эътимод ба президент Мушаррафро баррасӣ хоҳанд кард. Ҷаласаи генералҳо як рӯз пас аз он барпо мешавад, ки эътилофи ҳоким нақшаи худро дар эълони адами эътимод ва барканории Мушарраф аз қудрат эълон кард. Қарор аст, ин баррасии масъала рӯзи душанбе дар порлумони Покистон шурӯъ шавад, аммо эълони истизоҳ ё нобоварӣ ба президенти кишвар метавонад фароянди дарозмруддате бошад. Нозирон мехоҳанд бидонанд, ки сарварони ҳарбии кишвар аз Мушарраф ҳимоят хоҳанд кард ё аз ташаббуси эътилофи ҳоким.
XS
SM
MD
LG