Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Саакашвили пешниҳоди оташбаси билофосила кард


Раисиҷумҳури Гурҷистон Михаил Саакашвили дар пайи чанд рӯзи задухӯрдҳои сангин ба ҷудоиталабони Осетияи ҷанубӣ пешниҳоди оташбаси билофосила кардааст.

Саакашвили дар як паёми телевизионӣ гуфт, ба нирӯҳои гурҷӣ дастур додааст, ки алайҳи ҷудоиталабон оташ накушоянд.

Ӯ афзуд, ки “оташбаси билофосила ва шурӯъи низ билофосилаи музокирот”-ро пешниҳод мекунад.

Михаил Саакашвили ҳамчунин пешниҳодаш дар бораи ироаи мухторияти комил ба Осетияи ҷанубиро такрор кардааст.
XS
SM
MD
LG