Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Амрико: "Эронро танбеҳ медиҳанд"


Ҳукумати Амрико имрӯз гуфт, ба эътиқоди ин кишвар, қудратҳои ғарбӣ саъй хоҳанд кард, то Эронро танбеҳ диҳанд, зеро ин кишвар ба талаби боздоштани фаъолиятҳои ғанисозии ураниум “посухи мусбат” надодааст. Дар ин бора сухангӯи Кохи Сафед Дана Перино сухан гуфт, ки Ҷорҷ Буш – раиси ҷумҳури Амрикоро дар сафараш ба кишварҳои осиёӣ ҳамроҳӣ мекунад. Бино ба гузоришҳо, панҷ кишвари узви доимии Шӯрои Амният бар изофаи Олмон имрӯз зимни гуфтугӯи телефонии муштарак, иқдомоти баъдӣ нисбат ба Эронро баррасӣ мекунанд.

XS
SM
MD
LG