Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Оғози боздиди Ҳомиди Карзай аз Ҳинд


Ҳомиди Карзай - раиси ҷумҳури Афғонистон имрӯз вориди Ҳинд шуд, то бо раиси ҷумҳури ин кишвар Пратибҳа Патил ва нахуствазир Маҳмоҳан Сингҳ дидору гуфтӯгу кунад. Масъалаи таъмини амнияти кормандони ҳиндӣ дар Афғонистон аз мавзӯъҳои аслии сӯҳбати тарафҳо хоҳад буд, чун чанде пештар сафорати Ҳинд дар Кобул мавриди ҳамлаи террористӣ қарор гирифт. Ҳинду Афғонистон Хадамоти ҷосусии Покистонро дар тарҳрезии ҳамлаи 7 июл дар сафорат муттаҳам карданд, ки бар асари он 58 нафар аз ҷумла ду дипломати ҳиндӣ ҷон доданд.

XS
SM
MD
LG