Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳамлаи ҳавоии Туркия бa ҷудоихоҳони курд


Имрӯз ҳавопаймоҳои Туркия бa мавқеъҳои ошӯбгарони курд дар Шимоли Ироқ ҳамла карданд. Ба гуфти низомиён ҳавопаймоҳо пойгоҳҳои ошӯбгарони Ҳизби коргарони Курдистонро дар минтақаи Заб ва кӯҳи Қандил ҳадаф қарор дода буданд.
Гуфта мешавад, ки бо оташи ҳавопаймоҳо дар назди як ғори кӯҳи Қандил тахминан 40 ошӯбгар кушта шуданд. Вале сухангӯи ошӯбгарон Аҳмад Дениз дар шимоли Ироқ изҳор намуд, ки ҳамла талафоти зиёд ба бор наовардааст. Ду рӯз пеш дар Истанбул бар асари ду бомбгузорӣ дар минтақаи аҳолинишин камаш 17 кас кушта шуданд. Мақомоти Туркия ошӯбгарони курдро масъули бомбгузориҳо меноманд.
XS
SM
MD
LG