Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Куштори се афсари амниятии Покистон


Мақомоти Покистон иттилоъ медиҳанд, ки бар асари ду бархӯрди ҷудогона дар водии Своти вилояти Шимолу ғарбии наздимарзӣ ҷангҷӯён 3 афсари хадамоти амниятии ин кишварро ба қатл расонда, 30 афсари полис ва гурӯҳҳои ниманизомиро боздошт намуданд.
Мошини се афсари амниятӣ ҳангоми ҳаракат дар самти Мингора: шаҳри марказии водии Свот, мавриди ҳамла қарор гирифтааст.
Хабаргузории DРA-и Олмон аз нақли сухангӯи Толибон Муслимхон навиштааст, ки имрӯз дар Свот дар ҷараёни ҳамлаи ногаҳонӣ болои посгоҳи амниятӣ ҷангҷӯён 30 афсару сарбози гурӯҳҳои ниманизомиро боздошт намуданд.
XS
SM
MD
LG