Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳамроҳхон Зарифӣ ба Эрон меравад


Қарор аст, имрӯз 29 июл Ҳамроҳхон Зарифӣ - вазири умури хориҷаи Тоҷикистон, бо як боздиди расмӣ вориди Теҳрон пойтахти Ҷумҳурии Исломии Эрон шавад. Дар ҷараёни ин сафар, Ҳамроҳхон Зарифӣ дар нишасти вазирони умури хориҷаи кишварҳои форсизабон Тоҷикистону Эрону Афғонистон ширкат хоҳад кард.
Ба гуфтаи Ҳамроҳхон Зарифӣ, дар ҳамоиши вазирон масоили мубориза бо қочоқи маводи мухаддир ва ҷараёни бозсозии Афғонистон баррасӣ мешавад. Масъалаи дигари гуфтӯгу таъсиси телевизиони муштараки форсизабон будааст, ки қароргоҳи онро шаҳрии Душанбе интихоб кардаанд.
XS
SM
MD
LG