Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Райс: "Амнияти олимпӣ набояд баҳонаи таъқиб шавад"


Рӯзи шанбе аснои суханронӣ дар Зеландияи Нав котиби давлатии ИМА хонум Кондолиза Райс ба Чин ҳушдор дод, ки дастгоҳи амниятии бозиҳои олимпиро барои таъқиби мухолифини сиёсӣ истифода набарад. Ба қавли Райс "ба ҳеҷ ваҷҳ амният набояд пӯшише барои таъқиби дигарандешӣ бошад". Мансабдори амрикоӣ меафзояд, мақомоти Чин бояд ба ваъдаи худ вафо намуда, нияти некро на танҳо ба бозиҳои олимпӣ, балки ҳамчунон озодиву таҳаммул низ нишон диҳанд.
XS
SM
MD
LG