Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Караҷич ҳафтаи оянда ба Ҳейг истирдод мешавад


Мақомоти Сербия ҳадс мезананд, ки Радован Караҷич аввалҳои ҳафтаи оянда ба Додгоҳи байнулмилалии Ҳейг ваё Гаага истирдод хоҳад шуд. Вакили дифоъи раҳбари собиқи сербҳои Боснӣ тасмим гирифтааст, ки ин равандро ба дарозо бикашад - Светозар Вуячич ахиран гуфт, ки ариза барои бознигарии тасмим оид ба истирдоди фарди таҳти ҳимояташро фақат бегаҳи рӯзи ҷумъа, тавассути почта ва аз дигар шаҳри Сербия мефиристад, то ки мақомот он аризаро фақат рӯзи душанбе дастрас кунанд.

Додгоҳи Ҳейг Радован Караҷичро дар ҷиноёт алайҳи башарият, муроот накардани қавонини ҷанг ё ҷиноёти низомӣ ва наслкӯшӣ ё генотсид, дар маҷмӯъ, аз рӯи 11 банди кодекси ҷиноӣ муттаҳам мекунад.

XS
SM
MD
LG