Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Хонум Райс бо ҳамтои Курёи Шимолиаш мулоқот кард


Хонум Кондолизза Райс-вазири хориҷаи Амрико дар Сингопур бо Пак Уй Чун-вазири хориҷаи Курёи Шимолӣ мулоқот кард. Ин нахустин мулоқоти ҷонибҳо дар чунин сатҳ дар чаҳор соли ахир аст, ки роҷеъ ба масъалаи барномаҳои ҳастаии Курёи Шимолӣ анҷом мегирад. Дар мулоқоти Сингопур вазирони хориҷаи чаҳор кишвари дигари машғул ба музокироти ҳастаии Курёи Шимолӣ, яъне Руссия, Курёи Ҷанубӣ, Чин ва Ҷопон низ ширкат доранд. Дар маросими гушоиши мулоқот Янг Йиечӣ-вазири хориҷаи Чин ин мулоқотро муҳим ва қадаме ба пеш дар роҳи халъи силоҳи Курёи Шимолӣ хонд.
XS
SM
MD
LG