Имрӯз ҳудуди 10 ҳазор мардум аз қавми ҳазора дар Кобул гирдиҳам омада истеъфои раисиҷумҳури Афғонистон Ҳомид Карзайро талаб карданд. Онҳо Карзайро дар куштори ҳамқавмҳояшон аз сӯи паштунҳои кӯчнишин масъул медонанд. Ширкаткунандагони тазоҳурот кормандони полисро маҷбур карданд, ки ақибнишинӣ кунанд ва онҳоро то он замоне таъқиб карданд, ки садҳо низомиён садди роҳашон шуданд. Ба гуфтаи ҳазораҳо, чанде пеш паштунҳои кӯчнишин беш аз даҳ сокини як деҳаи вилояти Майдон-Вардакро ба қатл расониданд. Кӯчнишинҳо, дар навбати худ мегӯянд, ки ҳазораҳо ба онҳо ҳамла карда паштунҳои зиёдеро куштаанд.