Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Сайёҳони олмонӣ аз асорат раҳо шуданд


Мақомоти Туркия аз раҳоии се сайёҳи олмонӣ, ки онҳоро шӯришгарони курд рабуда буданд, хабар доданд. Тибқи иттилоъи вазорати умури хориҷии Туркия, ҳоло вазъи собиқ асирон хуб аст ва онҳо танҳо пас аз як амалиёти низомӣ алайҳи шӯришгарони курд озод гардидаанд. Кӯҳнавардони олмонӣ рӯзи 8-уми июл дар шарқи Туркия рабуд шуданд. Шӯришгарон бо рабудани сайёҳони олмонӣ аз мақомоти Берлин талаб кардаанд, ки ба таъқиби ҷонибдорони Ҳизби коргарони курд нуқта гузоранд.
XS
SM
MD
LG