Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Сафари вазири дифоъи Фаронса ба Афғонистон


Вазири дифоъи Фаронса бо ҳадафи дидор ва мулоқот бо низомиёни кишвараш дар Афғонистон, ки дар бахше аз нерӯҳои НАТО алайҳи Толибон меҷанганд, рӯзи шанбе ба Кобул рафт. Сафари Ҳерв Морин, вазири дифоъи Фаронса, дар ҳоле сурат мегирад, ки рӯзе пеш ду корманди созмони башардӯстонаи “Амалиёт алайҳи гуруснагӣ” мақараш дар Порис дар Афғонистон рабуда шудаанд. Созмони башардӯстонаи “Амалиёт алайҳи гуруснагӣ” рӯзи ҷумъа зимни маҳкум кардани ин одамрбоӣ эълом доштааст, ки тамоми амалиёти имдодрасонии худ дар Афғонистонро ба тавқиф мегузорад.
XS
SM
MD
LG