Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дипломати амрикоӣ бо намояндаи Эрон дидор хоҳад дошт


Дар мулоқоти навбатии марбут ба барномаи тазодомези ҳастаии Эрон аввалин бор як узви ҳукумати президент Буш бо як музокиракунандаи Эрон бо ҳам сари миз хоҳанд нишаст. Мақоми дараҷаи сеи Вазорати корҳои хориҷии Амрико, Вилям Бурнс охири ин ҳафта дар гуфтушуниди таҳти раёсати Ҳавйер Солана, масъули сиёсати хориҷии Иттиҳоди Аврупо бо ширкати намояндагони Чин, Русия, Фаронса, Бритониё ва Олмон ҳузур хоҳад дошт. Ҳадаф аз мулоқоти Женев дарёфти посухи Теҳрон ба пешниҳодҳои моҳи гузаштаи шашгона аст, ки дар иваз қатъи фаъолиятҳои ҳастаии Эронро мехоҳанд. Мақомоти Амрико мегӯянд, Бурнс дар Женев бо фиристодаи Эрон, Сайиди Ҷалилӣ мулоқоти ҷудогона нахоҳад дошт.
XS
SM
MD
LG