Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Таъкид бар аудити "Талко" ва "Барқи Тоҷик"


Люк Мойерс - намояндаи Сандуқи Байналмилалии Пул дар Тоҷикистон мегӯяд, таҳқиқи фаъолиятҳои молии ширкатҳои азими давлатӣ барои эҳёи эътимод ба ҳукумати Тоҷикистон муҳим аст. Зимни сӯҳбат бо Радиои Озодӣ, Люк Мойерс гуфт, таъмини шафофият дар фаъолиятҳои молии ширкатҳои давлатӣ аз қабили корхонаи "Талко" ва "Барқи Тоҷик" аз шартҳои асосӣ барои идомаи сармоягузорӣ ба Тоҷикистон аз тарафи Сандуқи Байналмилалии Пул хоҳад буд. Қазияи гузоштани иттилоъоти нодуруст дар ихтиёри ин созмон дар солҳои гузашта ба гуфтаи мақомоти Сандуқи Байналмилалии Пул сабаби коҳиши обрӯи ҳукумати Тоҷикистон дар назди сармоягузорони эҳтимолӣ шуд.

XS
SM
MD
LG