Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тасвиби созишномаи Душанбе ва Маскав


Раиси ҷумҳури Русия Дмитрий Медведев қонун доир ба тасвиби созишнома дар мавриди қарзи Тоҷикистон аз он кишварро имзо кардааст. Дар ин бора дафтари матбуоти раёсати ҷумҳури Русия иттилоъ дод. Бар асоси ин созишнома, ҳукумати Тоҷикистон дар ивази тақрибан 300 миллион доллари қарзаш аз Русия пойгоҳи мушоҳидаи кайҳонӣ воқеъ дар Норакро ба ихтиёри Русия дод.

Ҳамчунин Русия дар иваз дар бунёди нерӯгоҳи барқи обии Сангтӯда 1- ки сохтмонаш идома дорад, сармоягузорӣ мекунад. Вадим Густов раиси кумитаи умури кишварҳои муштаракулманофеъ дар Думаи давлатии Русия гуфтааст, ки ин созишнома ба манфиати кишвараш мебошад.

XS
SM
MD
LG