Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Даҳҳо нафар дар қасди табаддулот айбдор шуданд


Додситони кулли Туркия Ойқут Чингиз Энгин гуфт, ки ӯ бо иттиҳоми даст доштан дар қасди табаддулот ба хотири суқути давлати рӯ ба Исломи Туркия алайҳи даҳҳо нафар айб эйълон кардааст. Энгин гуфт, ин афрод ба ташкили гурӯҳи террористӣ ё узвият дар чунин гурӯҳҳо, ва ё ба ошӯби зидди давлат таҳрик додани мардум муттаҳам мешаванд: “Дар маҷмӯъ 86 нафар, ки 48 нафараш таҳти боздошт қарор доранд, ба ҷиноёте, чун ташкил ва раҳбарии гурӯҳи мусаллаҳи террористӣ, узвият дар гурӯҳи террористӣ, кӯмак ба созмони террористӣ ва қасди зӯран барканор кардани давлат муттаҳам мешаванд.”

Ин афрод дар ҷараёни таҳқиқи фаъолияти як гурӯҳи миллатгаро ва дуявигарои тундрав боздошт шуданд.

XS
SM
MD
LG