Пайвандҳои дастрасӣ

Раиси ҷумҳури Эрон гуфтааст, ба ифтитоҳи дафтари ҳофизи манофеъи Амрико дар кишвараш ҳеҷ мухолифате надорад.

Раиси ҷумҳури Эрон Маҳмуди Аҳмадинажод рӯзи якшанбе гуфт, ба ифтитоҳи дафтари ҳофизи манофеъи Амрико дар кишвараш ҳеҷ мухолифате надорад. Маҳмуди Аҳмадинажод гуфт, Эрон "аз ҳар иқдоме, ки барои тавсиаи равобити миллатҳо" мусоидат менамоянд, истиқбол мекунад.

Матбуоти Амрико моҳи июн гузориш дод, ки дар ҳукумати Амрико масъалаи таъсиси дафтари ҳофизи манофеъи ин кишвар дар Эронро баррасӣ дорад. Эрону Амрико баъд аз Инқилоби Исломӣ дар соли 1980 равобити дипломатиашонро қатъ карданд.

Назари хонандагон

New Comments Available

Агар сухане, назаре ё хабаре доред, бемалол ба мо занг занед ё SMS (паёмак) фиристед:

Дар Душанбе:

+992 988 65 94 63
+992 988 65 94 64

Дар Прага:

+420 724 053 959

XS
SM
MD
LG