Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳизби ҳокими Судон аз хунрезии бештар ҳушдор дод


Конгресси Миллӣ, ҳизби ҳокими Судон имрӯз гуфт, эълони иттиҳоми даст доштан дар ҷиноёти ҷанг дар Дарфур алайҳи раисиҷумҳури Судон Умар ал-Башир ин вилояти ҷангзадаи Судонро ба гирдоби хушунат ва хунрезии бештар хоҳад кашид.

Имрӯз нишасти изтирории кобинаи вазирони Судон низ мавзӯъи эҳтимолан аз сӯи Додгоҳи байналмилалӣ ба масъулият кашидани раҳбарони ин кишварро баҳс кардааст.

Додситони кулли Додгоҳи байналмилалӣ Луис Морено-Окампо рӯзи панҷшанбе гуфт, ки мехоҳад дар қиболи ҷанги Дарфур парвандаи ҷадид боз кунад. Окампо гуфт, ки исми муттаҳамон дар ин парвандаро рӯзи душанбе эълон хоҳад кард.

XS
SM
MD
LG