Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Аҳмадинажод мухолифи ҳузури Амрико дар Теҳрон нест


Раисиҷумҳури Эрон Маҳмуди Аҳмадинажод гуфт, ки ӯ мухолифи ифтитоҳи як ниҳоди мудофеъи манофеъи Амрико дар Теҳрон нест. Аҳмадинажод, ки дар як нишасти хабарӣ сӯҳбат мекард, гуфт, ки онҳо аз ҳар навъ иқдоме, ки ба таҳкими равобит байни мардумон мусоидат кунад, пуштибонӣ хоҳанд кард.

Матбуоти Амрико дар моҳи июн мегуфт, ки Вошингтон мавзӯъи барқарор кардани ҳузури дипломатиаш дар пойтахти Эрон дар сатҳи пойинтар аз сафоратро баҳс дорад.

Равобити дипломатӣ байни Эрону Амрико аз соли 1980, дар пайи инқилоби исломии Эрон ва гаравгонгирии кормандони сафоратхонаи Амрико дар Теҳрон комилан қатъ шудааст.
XS
SM
MD
LG