Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Обама: давлати Карзай аз бункер берун нашудааст


Барак Обама, номзад ба мақоми раёсатҷумҳурии Амрико аз Ҳизби демократ, дар мусоҳибааш бо телевизиони СНН гуфт, давлати раисиҷумҳури Афғонистон Ҳомиди Карзай аз бункер берун нашудааст, то ҷиҳати эъмори ин кишвари ҷангзада иқдом кунад. Обама дар ин мусоҳибаи муфассал, ки қарор аст, ба зудӣ нашр шавад, ҳамчунин гуфтааст, ки маъмурияти президенти кунунии Амрико Ҷорҷ Буш бо басиҷ кардани нирӯҳо ба ҷанги Ироқ ба ҷангиёни Ал-Қоида ва Толибон имкон дод, ки аз нав гурӯҳбандӣ шаванд.

Ин сӯҳбатҳои Барак Обама дар ҳолест, ки интизор меравад, ки ӯ дар ҳафтаҳои наздик аз Афғонистон дидан кунад.

Ҷумҳурихоҳон билофосила ин изҳори назариёти Обамаро ба боди интиқод кашида, гуфтаанд, ки ӯ ба муттаҳиди калидии Амрико дар ҷанг алайҳи террор тавҳин мезанад.

XS
SM
MD
LG