Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳалокати ду сарбози НАТО дар Пактико


Низомиёни нерӯҳои байналмилалии кӯмаки амниятии ба раҳбарии НАТО дар Афғонистон гуфтанд ду сарбози онҳо дар шарқи Афғонистон кушта шудаанд. Дар баёнияи расмии низомиён омадааст, ин ду сарбоз, ки ҳуввияташон эълом нашудааст, рӯзи панҷшанбе ҳангоми таркиши бомбе дар вилояти Пактико ҷон дода ва як ҳамхидмати дигари онҳо маҷрӯҳ шудааст. Аз оғози соли равон то кунун дар Афғонистон бештар аз 100 сарбози нерӯҳои байналмилалӣ ба ҳалокат расидаанд.

XS
SM
MD
LG